Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ТАҶЛИЛИ МУТАНТАНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

                              ТАҶЛИЛИ МУТАНТАНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони назди шаршараи муассисаи давлатии Боғи "Наврӯзгоҳ" бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрока, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳо сараввал аз намоиши ҳунарҳои мурдумӣ ва маҳсулоти хӯрокаи пойтахт дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, тамоми мардуми шарифи кишвар ва сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.

Дар баромад зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.

Баъдан чорабинии фарҳангии иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Шарикони мо