Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли ҷорӣ бо иштироки кормандони вазорат ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе ҳамоиш таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ” зери роҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода баргузор гардид.

Дар ҳамоиш мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои инкишофи забони тоҷикӣ имконияти васеъ фароҳам омад, ки заминаи он аз моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Яъне “забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Ба ин асос тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ, маънавию маърифатӣ дар кишвар ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.

Инкишофи ин рукни давлатдорӣ дар замони истиқлоли давлатӣ ба нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии ногусастанӣ дорад.

Пеш аз ҳама фароҳам овардани асосҳои қонунӣ барои таъмини заминаҳои устувории он ҳамчун забони давлатӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои сиёсати давлатии забон нишони арҷгузории барҷастаи Сарвари давлат ба забони модарӣ мебошад. Дар ин давра мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ боло рафт.

Дар ҳар як маърӯзаю суханрониҳо пуштибону ҳомии забону фарҳанги тоҷикӣ будани Пешвои миллат эҳсос мегардад. Ин аст, ки пайваста омӯзиш, инкишоф ва ҳифзи забони тоҷикӣ таъкид гардида, бо ёдоварӣ аз равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияи нав, инчунин истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, ки ба рушду инкишофи табиии забон таъсир мерасонад, ҷиҳати ҳифзи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ роҳандозии тадбирҳои амалии рушди забон тақозо мешавад.

Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халғамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки “Мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад”.

Зикр гардид, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ пурра ба забони давлатӣ буда, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ бо забони давлатӣ баргузор карда мешаванд.

Дар ҳамаи сохторҳои тобеи вазорат комиссияҳо оид ба татбиғи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунанд, ки раванди истифодаи забони давлатӣ, истилоҳоти соҳаҳои вазорат ва татбиғи ғонуни мазкурро назорат ва амалӣ менамоянд.

 

Шарикони мо