СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ 114-УМИ ШУРОИ СБМ
Рӯзҳои 27-29-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсия Швейтсария ҷаласаи 114-уми Шурои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим - ҳаракатнокии инсон: даъвати глобалӣ барои ҳаллӣ мушкилот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иштирок ва сухнаронӣ кард.
Зимни суханронии худ Гулнора Ҳасанзода дар баробари тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон таъкид дошт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 14 декабри соли 2022 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона қатъномае ба тасвиб расонд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Пешниҳоди дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 153 кишвари узви СММ дастгирӣ ёфт.
Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллати тоҷик бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ба ин масъалаи муҳим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон ва инчунин, Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян ва барои мусоидати ҳифзи он дар СММ Фонди махсуси эътимоднок таъсис дода шавад.
Дар ин ҳошия вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо руҳбаландӣ иброз дошт: “Мо ифтихор дорем, ки давлатҳои узви СММ пешниҳоди Президенти маҳбуби моро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар давраи басо ҳасоси бо таъсири иқлим обшавии босуръати пиряхҳоро, ки ба муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъсири манфӣ дорад, эътироф карда, қатъномаи созанда қабул намуданд”.
Ҳамзамон, тавзеҳ додан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузор шудани ҷаласаи мазкур баррасӣ ва табодули афкор оид ба дарёфти ҳалли мушкилоти масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити таназзули муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани хатарҳои офатҳои табиӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо роҳбарони навтаъини Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Меҳнат мулоқот намуд.