Вохурии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикист Давлатзода Қиёмиддин бо намояндагони Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 16 январи соли 2024 вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қиёмиддин бо намояндагони дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва масъалаи рушди соҳаҳои саноати нассоҷӣ, омодасозии кадрҳои коргарӣ ва гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Маврид ба зикр аст,ки Агентии Ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) 1 апрели соли 1991 ҳамчун як муассисаи ҳукуматӣ барои дастгирӣ ва татбиқи барномаҳо дар самти кӯмак барои коҳиш додани камбизоатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ на танҳо тавассути таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушд, балки тавассути таҳкими шарикӣ бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсис дода шудааст.
Дафтари KOICA дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2022 расман кушода шуда, фаъолияти он ба баланд бардоштани самаранокии барномаҳои кӯмак тавассути муҳокимаи сиёсат ва омӯзиши талабот, аз қабили соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тайёр кардани мутахассисони кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ равона гардидааст.
Дар раванди вохурӣ Қиёмиддин Давлатзода қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Корея муносибатҳои ду кишвар ба тадриҷ рушд намуда, дар ин замина корҳои зиёде дар самти омӯзиш ва омодасозии кадрҳои коргарӣ ва таъмини ниёзи бозори мењнати Корея бо ќувваи корї роҳандозӣ гардиданд.
Дар рафти вохӯрӣ, маълумот ва пешниҳодҳои дахлдор роҷеъ ба ташаббусњои минбаъда, рушд ва тақвияти ҳамкориҳо байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардида, мавриди муҳокимаи тарафҳо қарор дода шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои кушод, дӯстона ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои қайдгардида иброз намуданд.