Мусоидати баргардонидани музди меҳнати нопардохтшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва мусоидат барои баргардонидани музди нопардохтшудаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор меравад.
Сабабҳои нопардохти музди меҳнати муҳоҷирон гуногун буда, аксари онҳо аз набудани шартномаи меҳнатӣ, номураттаб, нофаҳмо ва шифоҳӣ будани маслиҳат бо корфармо, баъзан сифати пасти иҷрои корҳо вобастагӣ дорад.
Азбаски муҳоҷирон бе шартномаи меҳнатӣ ба кор шуруъ намуда, дар ягон ҳуҷҷати расмӣ ному насабашон ба қайд гирифта нашудааст ва ғайр аз ин одатан муҳоҷирон ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхонаро намедонанд, пайгирии масъалаи исботи муомилаи коргар бо корфармо мушкилӣ эҷод мекунад.
Дар ин сурат Намояндагӣ бо навиштани аризаи шикоятӣ бо истифодаи камтарин далел масъалаи нопардохти музди меҳнати муҳоҷиронро тариқи суд баррасӣ менамояд, ки одатан мусбӣ ҳал мешавад.
Ҳамин тавр, дар соли 2023 бо мусоидати мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия музди меҳнати пардохтношудаи шаҳрвандон дар ҳаҷми 244 612 402,00 рубл (муодил ба 29 353 488,00 сомонӣ) баргардонида шуд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки минбаъд ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ маҳфуз нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, тибқи талаботи нав шаҳрвандони хориҷӣ, ки патент гирифтаанд, вазифадоранд дар давоми ду моҳ аз рӯзи додани патент ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии ВКД ФР огоҳинома пешниҳод намоянд.
Агар дар давоми ду моҳ огоҳинома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ пешниҳод карда нашавад, пас патенти шаҳрванди хориҷӣ (бе огоҳӣ) бекор карда шуда, мӯҳлати будубоши ӯ дар қаламрави Россия кам карда мешавад. Ҳангоми бекор кардани патент, патенти навро танҳо пас аз як сол аз рӯзи бекор гардидан ба расмият даровардан мумкин аст.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар шаҳри Москва ва Ҳавзаҳои федералии Россия бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:
1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;
2. Ҳавзаи федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98;
3. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;
4. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
5. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;
6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.