Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРИИ БАЙНИДОРАВӢ БАРГУЗОР ШУД.

Дар маҷлисгоҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Бояд ёдовар гардид, ки соли сеюм аст, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, № 701 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” ва Нақшаи чорабиниҳои он мавриди амал қарор дорад.

Созишномаи генералии мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он аз 11 бахш ва 79 банд нақшаи чорабиниҳо иборат буда, барои иҷрои ҳар банди он вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ масъул мебошанд.

Дар идомаи ҷаласа барои таҳияи «Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» аз тарафи масъулини вазорат рунамои бо фарогирии сохтори он ба ҳозирин муаррифӣ карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор барои мукаммал намудани лоиҳа таклифу пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод гардид.

Шарикони мо