ҲУШДОР БАРОИ МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, мерасонад, ки яке аз сабабҳо афзудани ихроҷи маъмурии шаҳрвандонамон аз Федератсияи Россия риоя нагардидани талаботи қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 4 июли соли 1992, №470 "Дар бораи тасдиқи Рӯйхати ҳудудҳои танзимшавандаи Федератсияи Россия барои сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ" мебошад.
Мутобиқи моддаи 2-и қарори мазкур, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба минтақаҳои мазкур, бақайдгирӣ дар ҷойи истиқомат, аз қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, инчунин ҷалб ба фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ташкилотҳои қабулкунанда дар мувофиқа бо мақомоти амнияти Федератсияи Россия дар маҳалли ҷойгиршавии ташкилотҳои қабулкунанда сурат мегирад.
Ташкилотҳои қабулкунанда, ин мақомоти идоракунии давлатии Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, мақомоти ҳокимияти иҷроияи минтақаҳо, вилоятҳо, ташкилотҳои мухтор, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳо, корпорасияҳо, концернҳо, ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудудҳои танзимшаванда қарор дошта, иҷозати дахлдор надоранд ва низоми муқаррарнамудаи будубош дар Россияро вайрон мекунанд, мутобиқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Россия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҷарима дар ҳаҷми аз 2 то 5 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз ҳудуди Федератсияи Россия татбиқ мегардад.
Бо дарназардошти ин, ба шаҳрвандоне, ки мақсади сафар ва шуруъ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар минтақаҳои мазкур доранд, тавсия дода мешавад, талаботи қонунгузории кишвари иқоматро риоя намоянд.