ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОМӮЗИШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ҲАМОИШ ДОИР ГАРДИД.
18 январи соли ҷорӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ализода Алишер муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фозилзода Шуҳрат Мақсуд-мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва кормандону фаъолони вазорат ҳамоиш баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиш нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар паём дар баробари пешравиҳо, мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, дарҷ гардида, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд.
Сарвари давлат оид ба масъалаи рушди иқтисодӣ, баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, тараққӣ додани иқтисоди «сабз», истифодаи энергияи «сабз», технологияҳои муосир дар истеҳсолот, захираҳои сарватҳои табиӣ, дастгирии соҳибкорон, баланд бардоштани музди маош, баланд бардоштани сифати таълим, додани имтиёзҳо ба ҷомеа дар паём суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.