Главная / Все новости
Баргузории семинар-машварати

Баргузории семинар-машварати дар мавзўи; Бехатарї ва њифзи мењнат-њуќуќу кафолатњо

        Бо мақсади беҳдошти фаъолияти шарикони иҷтимоӣ ва иљрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, 668 дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносии корфармоёну кормандон бо иштироки раисони шӯроњои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, иттифоқи касабаи кормандони маорифи вилояти Хатлон, ва дигар кормандони иттифоқи роњбарияти ноњия касабаи вилоят инчунин, роњбарияти ноњия  кормандони мањаллњои ноњия  мудирони шуъба ва бахшҳои сохторҳои дар ноҳия фаъолият доштаи ташкилоту муассисаҳо ва дигар суъектҳои хоҷагидории соҳаҳои гуногуни даъват гардиданд.  корҳои фаҳмондадиҳӣ –машваратӣ ва дастурдиҳӣ сурат гирифт.

         Раисонии иттифоқҳои касабаи муассисаҳои таълимӣ, марказҳои назди шуъбаи маориф, сардухтурон, хадамоти ҳифзи меҳнат, мудирони шуъбаҳои кадр ва раисони иттифоқҳои соҳаи тандурустӣ, фарҳанг.

         Чорабиниро муовини якуми раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ифтитоҳ намуд. сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Иттифоқ, нозири ҳуқуқи шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон оиди боби сеюми Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон-шартномаи меҳнатӣ (моддаи 20-56) маълумоти муфассал дод. раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон нисбати боби 7 вақти истироҳат, моддаи 90 - намудҳои рухсатии меҳнатӣ шарҳу тавзеҳи пурмазмун ва сањеҳ дод. Доир ба пур намудани дафтарчаҳои меҳнатӣ, масъулияти корфармо ва масъулони кадрҳо дар нигоҳдорӣ ва баргардонидани дафтарчаҳои меҳнатӣ низ тавзеҳ дода шуд.

        Доир ба боби 35-бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат (моддаҳо 331-340) Кодекси мазкур нозири меҳнати иттифоқҳои касабаи тандурустии вилояти Хатлон баромад намуда номбурда талаботҳои ҳифзи меҳнат, гузаронидани муоинаҳои ҳатмии тиббии кормандон, ҷуброн, имтиёзҳо ва таъмини либосҳои махсус, додани дастурҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ хеле маълумоти ҷолиб дод.

        Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оиди боби 36 кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон-“Кафолатҳои ҳуқуқии корманд ва корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат” (моддаҳои  341 то 344) маълумот дода, нисбати иҷрои ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ, баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд ба иштирокчиён тавсияҳои фаҳмондадиҳӣ дод. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2014, №661 “Дар бораи Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн гардидани зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти кормандон” банд ба банд қироат гардида пурра шарҳу тавзеҳ дода шуд.

      Сармутахассиси шуъба шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон пешниҳод намуд, ки иҷро ва маблағгузории моддаи 353 - сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар банди ҳифзи меҳнати шартномаи коллективӣ дарҷ мегардад, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳал намоянд. Маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинигардидаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.

      Ин маблағгузорӣ дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо гардида, барои нигоҳдории хадамоти ҳифзи меҳнат дар муассиса ва ба самтҳои марбут ба ҳифзи мењнат истифода бурда мешавад. Ташкилотҳо ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамоянд. Андозаи хароҷотҳо  дар шартномаи коллективӣ ва санади корфармо дарҷ мешаванд ва ҳамгоми пешниҳод барои бақайдгирӣ дар раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба назар гирифта мешаванд.

        Оиди мавзуъ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф, хадамоти ҳифзи меҳнати беморхонаи марказӣ, раиси иттифоқи касабаи фарҳанг ва дигарон баромад намуданд. Миёни иштирокчиён муколамаи судманд сурат гирифт.

Рафти чорабинӣ аз тарафи телевизиони “Хатлон” ва рӯзномаи ноҳиявии “Насими Терай” бо мақсади гузориш наворбардорӣ  гардид.

      

Назаров Шайдулло–сармутахассиси ШАМША

дар н. Ш. Шоҳин. (905007292,988051031)

 

 

Наши партнеры