Асосӣ / Дастгирии молиявӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ
Дастгирии молиявӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ
Қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд
I. Муқаррароти умумӣ

1.    Қоидаҳои мазкур мувофиқи талаботҳои моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таҳия гардида, фаолияти мақомоти давлатии шуғли аҳолиро барои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ карданро доранд ба танзим медароранд.
2.    Кӯмаки молиявӣ - маблағест, ки барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ба шаҳрвандони бекори дар қайди мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ буда барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ба шарти баргардонидани ин маблағ дода мешавад.
3.    Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани хизматҳои машваратӣ ва кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор дар доираи хароҷотҳое, ки ба татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ равона мегардад, маблағ пешбинӣ ва истифода менамояд.


II. Тартиби расонидани хизматҳои машваратӣ

4.    Аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани бекороне, ки мақсади ба соҳибкорӣ машғул шуданро доранд хизматҳои машваратии зерин расонида мешавад:

  • -    машварати ҳуқуқӣ;
  • -    дастгирии равонӣ (психологӣ);
  • -    маслиҳат оид ба роҳҳои ташкили соҳибкорӣ;
  • -    шинос намудан бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тавсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
  • -    пешниҳоди маълумот оид ба дигар мақомоте, ки бо масъалаҳои инкишофи соҳибкорӣ ва омӯзиш дар асоси иқтисоди бозоргонӣ, аз рӯи ихтисосҳое, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ заруранд, машғул мебошанд;
  • -    шиносои бо тартиб ва шартҳои омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ, таҳия намудани асосҳои техникию иқтисодӣ, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирӣ ҳамчун соҳибкорӣ фардӣ.

5.    Хизматҳои машваратӣ аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тавассути ташкил намудани семинарҳо, тренингҳо, мизҳои мудаввар, маслиҳатдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо сурат мегирад.
6.    Хизматҳои машваратӣ дар асоси муроҷиати шахси бекор аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ расонида мешавад.


III. Қоидаҳои расонидани кӯмаки молиявӣ ба бекорон

7.    Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба шаҳрвандони бекоре, ки синнашон аз 15 сола боло буда ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд ва қобилияту хоҳиши соҳибкорӣ доранд, кӯмаки молиявӣ мерасонад.
8.    Кӯмаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолии маҳалли зист расонида мешавад.
9.    Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрвандони бекори дар қайдбуда, ки корро ҷустуҷӯ менамояд, бояд ба мақомоти давлатии шуғли аҳолии маҳалли зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
-    аризаи шаҳрванд ба унвони роҳбари мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ маҳалли зист (Замимаи 1);
-    нақшаи тиҷоратӣ (Замимаи 2);
-    маълумот оид ба даромади умумии оила;
-    асоси техникию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;
10.    Дар ҳолати аз меъёри муайяншуда зиёдтар ворид гардидани дархост оид ба гирифтани кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ метавонад озмун ташкил намояд.
11.    Шаҳрвандони бекоре, ки дар муассисаҳои таълимӣ асосҳои фаъолияти соҳибкориро бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ омӯхтаанд ё аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани кӯмаки молиявиро доранд.
12.    Бо шаҳрванди бекоре, ки ба ӯ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ шартномаи қарздиҳӣ мебандад (Замимаи 3), ки дар он ӯҳдадориҳои тарафайн, ҳаҷми кӯмаки молиявӣ, мӯҳлат ва тартиби баргардонидани он нишон дода мешавад.
13.    Бо мақсади таъмини бозгашти кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо шаҳрванди бекори қарзгиранда шартномаи гаравӣ (Замимаи 4) ва ё дигар намуд шартнома мебандад. Арзиши аслии молу амволӣ ба гарав мондашаванда бояд аз ҳаҷми кӯмаки молиявӣ 2 (ду) баробар зиёд бошад.
14.    Дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванди бекор ғайримақсад истифода намудани маблағи кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мутобиқи қонунгузорӣ шартномаи қарзиро метавонад пеш аз мӯҳлат бекор намояд ва дар ҳаҷми пурра маблағи додашударо ситонад.
15.    Барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои шаҳрванд ҷиҳати сари вақт баргардонидани кӯмаки молиявӣ мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ метавонад, мувофиқи қонунгузорӣ дар шартномаи қарзӣ ҷарима муқаррар намояд, ки он низ бароирасонидани кӯмаки молиявӣ ба шаҳрванди бекор истифода мешавад.
16.    Ҳаҷм ва мӯҳлати баргардонидани кӯмаки молиявӣ аз рӯи нишондодҳои зерин муқаррар карда мешавад:
-    барои фаъолияти тиҷоратӣ дар ҳаҷми то 80 музди меҳнати ҳаддӣ ақал ба мӯҳлати то як сол;
-    барои фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми то 100 музди меҳнати ҳаддӣ ақал ба мӯҳлати то як сол;
-    барои фаъолияти истеҳсолӣ дар ҳаҷми то 150 музди меҳнати ҳаддӣ ақал ба мӯҳлати то як солу шаш моҳ.
17.    Дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд ғайримақсаднок истифода гардидани кӯмаки молиявӣ, мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳуқуқ дорад пеш аз мӯҳлат дар ҳҷми пурра маблағҳои додашударо мутобиқи қонунгузорӣ рӯёнанд.


IV. Масъалаҳои ташкили

18.    Мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар байни шаҳрвандони бекор дар мавриди шартҳои дарёфти кӯмаки молиявИ мунтазам чорабиниҳои ташвиқоти мегузаронанд.
19.    Хадамоти давалтии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол як маротиба мониторинги иҷрои чорабиниҳои Қоидаи мазкурро мегузаронад.


Савол ва ҷавобҳои маъмултарин
Шаҳрвандоне, ки кори худро аз даст доданд, чӣ имтиёзҳо доранд?

Ба кормандони аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сабаби барҳамхӯрӣ, ихтисор намудани шумора ё воҳиди корӣ аз кор озодшаванда ҳангоми қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ имтиёз ва ҷубронпулӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат дода мешавад.

Барои гирифтани кӯмакпулӣ шаҳрвандон, бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд?

1. маълумот дар бораи музди меҳнати миёна дар ҳаждаҳ моҳи охир аз ҷойи кори охирин, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода шудааст;

2. шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

3. дафтарчаи меҳнатӣ;

4. ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассуси касбӣ;

5. шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

6. маълумотнома аз мақомоти андоз оиди шахси инфиродӣ набудани шаҳрванд;

7. маълумотнома аз мақомоти суғуртаи иҷтимоии давлатӣ оид ба нафақахӯр набудани шаҳрванд.

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд билети ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд, барои гирифтани кӯмакпулӣ, бояд кадом ҳуҷҷат пешниҳод намоянд:

Шаҳрвандоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ё дигар сохторҳои низомӣ ҷавоб шудаанд:

    - билети ҳарбӣ

шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд:

    - маълумотномаи озодшавӣ пешниҳод менамоянд.

Мавҷуд набудани яке аз ин ҳуҷҷатҳо барои ба қайд нагирифтани шаҳрванд ҳамчун шахси бекор, асос шуда метавонад.

Ярмарка чист ва дар куҷо мегузарад?

Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ яке аз чорабиниҳои фаъоли мусоидат барои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бе шуғл ва корҷӯй мебошад, ки дар он намояндагони (шуъбаи кадрҳо) ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон иштирок намуда, ҷойҳои кории холияшонро пешниҳод менамоянд.

Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҷойҳои сер одам ва назди бозорҳою терминалҳои мусофиркашонии ҳудудӣ шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.

Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ман бояд чи кор кунам ва ба куҷо муроҷиат намоям?

Ҷавоб: Барои пайдо намудани ҷойи кори холӣ ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зист муроҷиат намоед.

Ҷавоб: Ҳамзамон, дар ярмаркаҳои ҷойҳои кориии холие, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳаллӣ зистатон ҳар моҳ баргузор менамоянд, иштирок намоед.

Ҷавоб: Ба сомонаи маҳзани миллии маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ (www.kor.tj) ворид гардида, вобаста ба ихтисос ва касбатон ҷойи кориро интихоб намоед.

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрванди бекор кадом ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист пешниҳод намоянд?

Барои гирифтани кӯмаки молиявӣ шаҳрвандони бекори дар қайд буда, ки корро ҷустуҷӯ менамоянд, бояд ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии маҳалли зист ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

    - Аризаи шаҳрванд ба унвонии роҳбари мақомоти шуғли аҳолии маҳалли зист (Замимаи 1);

    - Нақшаи тиҷоратӣ (Замимаи 2);

    - Маълумот оид ба даромади умумии оила;

    - Асоси техникию иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;

    - Маълумотнома оиди нафақахур набудан;

    - Маълумотнома аз кумитаи андоз:

Шарикони мо