Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ҶАЛАСАИ НАҚШАВӢ ДОИР БА КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

ҶАЛАСАИ НАҚШАВӢ ДОИР БА КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

Имрӯз, 21 сентябри соли 2026, тибқи Нақшаи чорабиниҳо дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ҷаласаи нақшавӣ оид ба риояи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон оғоз намуда, таъкид кард, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматчиёни давлатиро муайян намуда, ба баланд бардоштани сатҳи ахлоқӣ, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги касбии онҳо равона шудааст. Риояи талаботи Кодекс яке аз омилҳои муҳими таъмини интизоми хизматӣ, муносибати шоиста бо шаҳрвандон ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба хизмати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлатӣ бо талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ шинос шуда, вазифадор аст меъёрҳои онро дар раванди фаъолияти хизматӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ риоя намояд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рафтори хизматии кормандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки рафтори хизматӣ амал, муносибат ва рафтори хизматчии давлатиро ҳангоми ба кор омадан ва аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ дар бар мегирад.

Ҳамзамон, ба рафтори ғайрихизматии хизматчии давлатӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Рафтори ғайрихизматӣ амал ва муносибати хизматчии давлатиро дар ҷомеа, берун аз доираи иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, дар бар гирифта, бояд ба меъёрҳои ахлоқӣ ва талаботи муқарраргардида мутобиқ бошад.

Зимни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла:

1. Таҳлили беғаразона ва ҷиддии вазъи интизом ва одоби хизматӣ дар сохторҳои Агентӣ;

2. Муайян намудани камбудиҳо ва андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коҳиш ёфтани масъулиятшиносӣ;

3.Баланд бардоштани фарҳанги муошират, одоби хизматӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ;

4. Тақвияти масъулияти кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;

5. Риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва муносибати эҳтиромона бо шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

   Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба мавзӯи баррасишуда суолу ҷавоб баргузор гардида, ба саволҳои кормандон ҷавобҳои дахлдор пешниҳод шуданд.

 

Бахши иттилоотии дастгоҳи марказии

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Шарикони мо