Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Ҷиҳати иштирок дар Форуми минтақавӣ дар мавзӯъи “Таҳкими суботи молиявӣ ва суръатбахшӣ ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ ” аз 14 то 16 октябри соли 2024 Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

                                           Иштироки директори Агентӣ дар Форуми минтақавӣ дар шаҳри Алматтои Ҷумҳурии Қазоқистон.

Ҷиҳати иштирок дар Форуми минтақавӣ дар мавзӯъи “Таҳкими суботи молиявӣ ва суръатбахшӣ ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ ” аз 14 то 16 октябри соли 2024 Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода А.А. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” ва Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҳамдастӣ бо шарикон ташаббуси бесобиқа - арзёбии якчанд навъ хавфҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ ва лағзиши ярчҳои ҷудогонаро роҳандозӣ намуданд.

Иқдоми мазкур дар доираи Барномаи таҳкими суботи молиявӣ ва суръатбахшӣ ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва Бонки ҷаҳонӣ таҳти идоракунии Фонди глобалии коҳиши офтаҳо ва барқароркунӣ татбиқ мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳадафи умумии ташаббус - таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хавфҳои офати табиӣ ва хатарҳои иқлимӣ тариқи беҳбуди суботи молиявӣ, имконоти муайян кардани хавфҳо ва низоми мураттаби идоракунии хавфи офатҳо мебошад.

Арзёбии хавфи якчанд навъ офатҳо барои он бесобиқа аст, ки дар доираи он аз тарзу усули минтақавӣ истифода шуда,таъмини пайдарҳамӣ нисбат ба якчанд навъи хатарҳои табиӣ ва навъҳои иншооти аз он зиёндида ҳадаф гузошта мешавад.

Вобаста ба компаненти 2 Лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” оид ба “Дастгирии бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ” Директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Ашурализода А.А. баромад намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки компаненти 2 ду мақсади асосӣ дорад, ки ин пеш аз ҳама Низоми ахборотии бозори меҳнат (НАБМ) бо Феҳристи бекорон, феҳристи муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҳзани маълумоти ҷойҳои кори холӣ ва мақсади дуюм ҳамгироии иқтисодӣ, ки тибқи он 20 ҳазор бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва аз байни онҳо ба 7500 нафар қарзҳои бебозгашт баро ташкили кор дода мешавад.

Татбиқи босамари барномаи ҳамгироии иқтисодӣ имконият медиҳад, ки бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнати дар соҳаи шуғл, таҳсилоти калонсолон ва худмашғулият (стартап) дастгирӣ гардида, барои гузариш аз кумаки суроғавии иҷтимоӣ ба шуғли доимӣ мусоидат намояд.

Дар ин радиф заминаи моддиву техникии сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисахои давлатии касбомӯзӣ нав карда мешаванд ва барои ба рақамикунонии низоми шуғли аҳолӣ ва хизматрасониҳои он бо таври автоматӣ мусоидат мекунад. Ҷойҳои кории холӣ аз ҷониби корфармо ба таври автоматӣ (электронӣ) пешниҳод мегардад.

Дар ин самт мушовирони байналмилалии Бонки ҷаҳонӣ қайд намудаанд, ки дар ҳақиқат иҷроиши ин кор бисёр муҳим ва мушкил аст, вале иқдоми хуб мебошад ва барои самаранок фаъолият кардани мақомоти шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он, аз ҷумла корфармо саривақтӣ ва зарур аст.

 

 

Шарикони мо