Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Семинар - машварат

 

Семинар - машварат

бо иштироки намояндагони  Ваколатдор  оид  ба  ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон, факултаи    ҳуқуқшиносӣ,  кафедраи  ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ

 ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи ба номи

А.М. Баҳоваддинови Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон

дар  мавзӯи “ Роҳу усулҳои  ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим”

 

    Санаи 18 апрел дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350, «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуки инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (давраи сеюм) барои солҳои 2023-2026», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” аз 27 ноябри соли 2019, №599, “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи  ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” аз 30 декабри соли 2021, №565, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025” аз 05 августи соли 2023, №357 ва иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2025” бо иштироки намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон, факултаи    ҳуқуқшиносӣ,     кафедраи    ҳуқуқи    инсон   ва    ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар-машварат доир гардид. Дар чорабинӣ сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони бахшҳо, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе”, КВД “Маркази  таълимии шаҳри Душанбе” ва сармутахассиси КВД “Маркази таълимии омӯзиши модулӣ” ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умедҷон ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ баён дошт, ки ки дар тӯли солҳои Истиқлолият бо саъю талош ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, сулҳу Ваҳдатро пойдор намуд ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз карда тавонист ва дар миёни кишварҳои дунё яке аз ташабусҳои муҳимро ҷиҳати амалисозии арзишҳои ҳуқуқи инсон ва мақому манзалати он пайдо кардем.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки баргузории  чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2023, №АП-350, «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (давраи сеюм) барои солҳои 2023-2026», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” аз 27 ноябри соли 2019, №599, “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи  ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026” аз 30 декабри соли 2021, №565, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025” аз 05 августи соли 2023, №357 ва иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2025”  бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи касбии кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва зерсохторҳои он вобаста ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Дар рафти чорабинии мазкур Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобохонзода Сайдалӣ Сангимурод оид ба муаррифии нуқтаҳои асосӣ, мазмун ва муҳтавои «Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуки инсон тибқи расмиёти шарҳи универсалии даврӣ (давраи сеюм) барои солҳои 2023-2026» ва иҷрои талаботи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2023” ва Омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иброҳимзода Шамсуддин Ҳисайн ҷиҳати баррасии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва “Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи  ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026”  суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ қайд гардид, ки дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат  таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Семинар машврарати мазкур чорабинии муҳим ва саривақтӣ буда, барои мубодилаи афкор ва такомули донишҳои ниҳодҳои дахлдор аз аҳамияти назариявию амалӣ бархурдор аст.        

                                                              

 

 

 

                                                                                                                                                                          Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии

                                                                                                                                                                                   Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

 

 

Шарикони мо