Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ВИЛОЯТИИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ВИЛОЯТИИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗОД ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Санаи 12 декабри соли ҷорӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони ба Ватан баргашта ҷиҳати интихоби кори мувофиқ ва барои кордиҳандагон ҷиҳати интихоби мутахассисони мувофиқ ба талаботашон, аз ҷониби раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

Дар ярмарка 242 корхона, ташкилот ва муассиса, 3792 ҷойи кори холиро ба корҷӯён пешниҳод намуданд.

Дар ярмарка директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Музаффар Бурҳон ширкат варзида, бо намояндагони корхонаҳо, ташкилотҳо ва корҷӯён мулоқот анҷом доданд.

Тазаккур бояд дод, ки ташкил ва баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул мебошад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он минбаъд низ чунин ярмаркаҳоро дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор менамояд.

Шарикони мо