БАРГУЗОРИИ ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ИМКОНИЯТҲОИ НАВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар IT-PARK-и шаҳри Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нав баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Солеҳа Холмаҳмадзода, муовинони вазир, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон, роҳбарони сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иштирок карданд.
Ҳадафи асосии баргузории ярмарка фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул, дастгирии шахсони ба Ватан бозгашта, ҷалби шаҳрвандон ба касбомӯзӣ, инчунин муаррифии имкониятҳои нави меҳнатӣ дар дохили кишвар мебошад.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорат ва Агентӣ бо иштирокчиён ва корфармоён суҳбати озод анҷом дода, таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди бозори меҳнат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар ярмарка намояндагони 75 корхонаю муассиса, ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ иштирок намуда, ба шаҳрвандон 4810 адад ҷойи холии корӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонӣ ва соҳибкории хурд пешниҳод шуданд.
Дар маҷмуъ, дар чорабинӣ 1732 нафар шаҳрвандон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи он иштирок карданд, ки аз ин шумора 362 нафар аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ҳамчун довталаб барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамзамон 317 нафар аз иштирокчиён бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб гардиданд, ки аз самаранокии баргузории ярмарка ва таваҷҷуҳи корфармоён ба ҷалби неруи корӣ шаҳодат медиҳад.
Дар рафти ярмарка, дар баробари пешниҳоди ҷойҳои холии корӣ як қатор озмунҳо баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани фаъолият, малака ва ҳавасмандии иштирокчиён равона шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинӣ ҳамчун платформаи муосири муколама байни давлат, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон арзёбӣ шуда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, мусоидат дар омӯзиши касбу ҳунар, рушди малакаҳои касбӣ ва коҳиш додани сатҳи бекорӣ нақши муҳим бозид.