Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои стратегӣ ва барномавии сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, самтҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат масъалаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамчун омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ҷалби аҳолии қобили меҳнат ба шуғли расмӣ, таъмини кафолатҳои меҳнатӣ, баҳисобгирии мукаммалу дақиқи захираҳои меҳнатӣ, таҳкими низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон бояд ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл табдил дода шаванд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷавонон ва афзоиши қувваи корӣ унусурҳои муҳим мебошанд, ташаккул ва татбиқи сиёсати фаъоли шуғл аҳамияти калидӣ касб менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз доштанд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони қувваи корӣ буда, сиёсати давлатӣ бояд ба таъмини шуғли пурмаҳсул, устувор ва рақобатпазир равона карда шавад.

Дар ин замина, нақши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими бозори меҳнат тақвият меёбад. Фаъолияти Агентӣ бояд ба татбиқи маҷмуи чораҳои институтсионалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона карда шавад, ки воридшавии солонаи даҳҳо ҳазор шаҳрвандонро ба бозори меҳнат таъмин намоянд.

Яке аз нуктаҳои калидӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Тибқи ҳадафгузории стратегӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки дар доираи татбиқи самарабахши барномаҳои давлатӣ дар панҷ соли оянда таъсиси 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кориро таъмин намоянд.

Ин нишондиҳанда аҳамияти рушди соҳибкории хурду миёна, худиштиғолӣ, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро ҳамчун манбаъҳои муҳими ташкили шуғли устувор боз ҳам бештар менамояд. Дар баробари ин, густариши шуғли расмӣ омили асосии васеъ намудани пойгоҳи андозбандӣ ва таҳкими буҷети суғуртаи иҷтимоӣ мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва тағйирёбии сохтори бозори меҳнат масъалаи мутобиқ намудани низоми таҳсилоти касбӣ ба талаботи воқеии иқтисоди миллӣ аҳамияти хосса пайдо менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки омӯзиши мунтазами талаботи бозори меҳнат, махсусан дар самти иқтисоди рақамӣ, бояд заминаи асосии омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон гардад.

Дар ин замина, рушди низоми касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаҳои касбии аҳолӣ ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии қувваи корӣ дар бозори меҳнат арзёбӣ мешавад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ татбиқи ин самтро яке аз афзалиятҳои стратегии фаъолияти худ қарор додааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар ба масъалаи фарогирии иҷтимоӣ ва таъмини дастрасии баробар ба шуғл барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таъмини шуғли ҷавонон, занон, шахсони дорои маъюбият ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ҳамчун унсури муҳими сиёсати иҷтимоии давлат баррасӣ гардида, татбиқи чораҳои мақсаднок дар ин самт зарур шуморида шуд.

Инчунин баланд бардоштани музди меҳнат ҳамчун яке аз абзорҳои асосии ҳавасмандгардонии меҳнат ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Паёми навбатӣ қайд гардид. Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти давлатӣ аз 20 то 25 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат дар ҳаҷми 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гардид.

Ин тадбирҳо барои ҳавасмандии иқтисодии шаҳрвандон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи назариявӣ ва амалии сиёсати давлатии шуғли аҳолиро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Татбиқи пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Паём имкон медиҳад, ки бозори меҳнати кишвар мутобиқ ба талаботи иқтисоди муосир рушд ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ мунтазам баланд бардошта шавад.

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолияти худро пурра ба татбиқи ин ҳидоятҳо равона намуда, ҷиҳати таъмини шуғли пурмаҳсул, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Умед Муродзода,

муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Шарикони мо