ИДИ ҒAЛAБA - РAМЗИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТ
Табрикоти директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳоли муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Маӣдон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Собиқадорони муҳтарам ва ҳамдиёрони азиз!
Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшношуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён азиз ва гиромӣ аст.
Ба ин муносибат ҳар яки Шуморо самимона табрик намуда, баҳратон сиҳатию саломатӣ, рӯзгори орому осуда ва хотири ҷамъ орзу менамоям. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин санаи фаромӯшнопазири таърихро дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи бани башар унвон карда, баён намудаанд: “Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд”.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи шаҳрвандони 15 кишвари иттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 250 ҳазор сокинони ин мамлакати офтобӣ ихтиёрӣ ба фронт рафта, барои таъмини Ғалаба ба фишизми гитлерӣ ҷонбозиҳо намудаанд. Аз ин миқдор беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷони худро аз даст дода, барои диловариҳои беназир 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Зиёда аз 20 ҳазор ҷанговарони тоҷик сазовори ордену медалҳо гардидаанд.
Бо чунин ниятҳои нек, Шумоёнро бори дигар бо Иди Ғалаба табрик намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш ва файзу баракат таманно мекунам.
81-умин солгарди Ҷашни Ғалабаи бузург муборак!