ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ВА АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТИИ МАЪМУРӢ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
25 декабри соли ҷорӣ мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ озмун баргузор гардид.
Дар озмун мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ, сохторҳои он дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, 32 нафар довталабон ширкат варзиданд.
Донишу малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмунӣ бо иштироки намояндагони ваколатдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Агентӣ санҷида шуд.
Ҳамзамон дар давоми рӯз тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, №468 аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурии Агентӣ ва сохторҳои он гузаронида шуд.