Аз кору фаъолияти худ лаззат бурдан - ин дуруст ва бехато интихоб намудани касби худ мебошад. Аз ду харрот, ду нонпаз, ду муҳосиб ва ду барномасоз доир ба касбашон агар пурсон шавем, онҳо ҷавобҳои мухталиф медиҳанд. Якеаш бо дилгарми касбашро дўст медорад ва соатҳо дар борааш суҳбатҳо менамояд, дигараш касбашро дўст надошта, дилгиркунанда мегўяд. Хотирнишон кардан лозим, ки дар ин ҷо мақсад худи кор ва фаъолият набуда, балки чи гуна муносибат кардани шахс ба кор ва фаъолияти ў мебошад.яъне ба худи шахс он намуди кор маъқул аст аз худи ў вобастагӣ дорад...