Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
  МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗСУПОРӢ

                МАШҒУЛИЯТИ ИДОРАВӢ ДОИР БА МАСЪАЛАҲОИ АНДОЗСУПОРӢ

  2 - юми апрели соли 2024 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ доир ба масъалаи пардохти андозҳо бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он баргузор гардид.

Дар машғулияти мазкур муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло, сардори раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз Вазиров Собир оид ба мавзуъ суханронӣ намуда, истифода аз хизматрасониҳо ва ба таври электронӣ пардохт намудани андозҳоро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Машғулият дар фазои озод баргузор шуда, дар атрофи рунамо иштирокчиён бо саволҳои худ посух гирифтанд ва як қатор пешниҳодҳо манзур карда шуд.

Шарикони мо