Главная / Все новости
БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР  НОҲИЯИ  ҚУБОДИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР  НОҲИЯИ  ҚУБОДИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

       Бо мақсади таъмини иҷрои барқияи ҳукумати аз 19 июни соли 2026, №24/10-75 – ро оид ба корҳои омодагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён вусъат додан, санаи  6 августи  соли ҷорӣ  муовини  якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Садриддинзода  Аврангзеб  Бобоҷон  ҷиҳати шиносоӣ бо шароити корӣ ва иншоотҳои сохтмонии  ноҳияи Қубодиён  дар  якҷоягӣ бо сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар вилояти Хатлон  дидан намуданд.

 Инчунин зимни боздид   аз рафти сохтмони иншооту биноҳо ва корҳои  созандагиву ободонӣ бахшида ба 35  солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони ҷамоъати деҳаи Вобканди ноҳия оид ба  корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқоту вохуриҳо доир намуданд.

Наши партнеры