Главная / Все новости
СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН

СЕМИНАР-МАШВАРАТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

 Санаи 11 августи соли равон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат дар мавзӯи муқовимат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеа – савдои одамон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин масъулини муассисаҳои таълими касбии низоми Агентӣ ва филиалҳои он дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки семинар-машварати мазкур дар доираи тадбирҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» доир карда шуд.

Дар рафти ҳамоиш Ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Маркази муқовимат ба савдои одамон, Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Искандар Саид оид ба муаррифии нуқтаҳои асосӣ, мазмун ва муҳтавои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» ва амалисозии он инчунин, механизмҳои паҳншавӣ, ошкор ва  вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон (савдои одамон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъруза намуд.

Дар фарҷоми семинар муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Садриддинзода Аврангзеб Бобоҷон таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

 

Шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи марказии Агентӣ

Наши партнеры