ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик мебошад, ки барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар тӯли 35 соли истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ба пешрафту дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардид.
Бо шарофати истиқлолият сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки давлат муайян гардида, масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, рушди бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор доранд. Имрӯз маҳз ба туфайли сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати созандаи роҳбарияти давлат имкониятҳои мусоид барои рушди соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳайё гардидааст.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ҳадафи асосии фаъолияти Агентӣ мусоидат ба таъмини шуғли пурмаҳсул ва арзандаи шаҳрвандон, танзими бозори меҳнат, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи корӣ ва рушди захираҳои инсонӣ мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ фаъолияти мақомоти меҳнат бо талаботи замон мутобиқ гардонида шуда, шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуданд. Тавассути марказҳои шуғли аҳолӣ шаҳрвандон бо ҷойҳои кори холӣ таъмин гардида, барои ҷавонон, занон, шахсони дорои маъюбият ва дигар гурӯҳҳои осебпазир барномаҳои махсуси мусоидат ба шуғл амалӣ мешаванд. Ин тадбирҳо ба баланд гардидани сатҳи шуғл ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ ташкили омӯзиши касбӣ мебошад. Бо назардошти талаботи бозори меҳнат шаҳрвандон дар касбҳои гуногуни коргарӣ омӯзонида шуда, баъди хатм соҳиби шаҳодатнома гардида, имконияти пайдо намудани ҷойи кори муносибро соҳиб мешаванд. Ҳамчунин барои шаҳрвандоне, ки хоҳиши таъсиси фаъолияти соҳибкориро доранд, қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардида, барои рушди соҳибкории хурд ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат карда мешавад.
Бо рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги давлатӣ ҳамасола ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корфармоён ярмаркаҳои ҷойҳои кори холиро баргузор намуда, барои бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандон саҳми арзанда мегузорад.
Дар баробари ин, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ низ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва ҳуқуқии онҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва машваратӣ мунтазам баргузор мегарданд. Ин тадбирҳо барои таъмини муҳоҷирати меҳнатии бехатар ва қонунии шаҳрвандон аҳамияти калон доранд.
Имрӯз Тоҷикистон ба сӯи саноатикунонии босуръат қадамҳои устувор мегузорад. Дар чунин шароит омода намудани мутахассисони рақобатпазир, рушди малакаҳои касбӣ ва мутобиқ намудани қувваи корӣ ба талаботи бозори меҳнат аз вазифаҳои муҳими Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад. Бо истифода аз технологияҳои муосир ва рақамикунонии хизматрасониҳо сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон боз ҳам беҳтар гардида истодааст.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст мояи ифтихор ва сарфарозист.
Дастовардҳои соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ самараи бевоситаи истиқлолият, сулҳу субот ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлат мебошанд. Минбаъд низ кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ҳисси баланди масъулият баҳри татбиқи сиёсати давлатии соҳаи меҳнат, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва беҳтар намудани некӯаҳволии мардум фаъолияти худро боз ҳам самаранок идома хоҳанд дод.
ТОҲИРИ САИДМУРОД
Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе