Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АГЕНТӢ ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АГЕНТӢ ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2026

Санаи 7 январ таҳти раёсати директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷаласаи шӯрои Агентӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои он дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳо барои соли 2026 муайян гардиданд.

Дар кори ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ашурализода Абдураҳмон, роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, директорони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ», марказҳои таълимии низоми Агентӣ ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа ҳисоботи муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умед оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 шунида шуд. Қайд гардид, ки дар натиҷаи амалисозии чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 иҷрои нишондиҳандаҳои барнома дар соли 2025 ба андозаи 113,4% таъмин карда шуд.

Сипас сардорони раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳри Душанбе вобаста ба фаъолияти сохторҳои худ ҳисобот доданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби директори Агентӣ ба масъулон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Шарикони мо