Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ АРЗИШМАНДТАРИН ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХӢ БА ҲИСОБ МЕРАВАД

      Истиқлолият ба ҳар давлат имконият медиҳад, ки роҳи рушди худро мустақилона муайян намуда, сиёсати дохиливу хориҷиро бар асоси манфиатҳои миллӣ амалӣ созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихи худ ворид гардида, ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзандаро соҳиб шуд.

     Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ободу пешрафта дар ҷаҳон шинохта мешавад. Дар давоми 35  соли истиқлол ҳазорҳо иншооти муҳими давлатӣ, муассисахои таълимӣ, беморхонаҳо роҳҳо нақбҳо неругоҳҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта шуданд. Ин ҳама самараи сиёсати оқилона заҳмати мардуми ватандӯст мебошад.

     Ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ танҳо таҷлили як сана нест балки таҷассуми роҳи пуршарафи давлатдорӣ эҳёи арзишҳои миллӣ таҳкими соҳибихтиёрӣ ва рушди босуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар шаҳрванди кишвар вазифадор аст ки ин неъмати бузургро ҳифз намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азиз саҳми арзандаи худро гузорад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини миллати тоҷик мебошад. Бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Ин рӯзи сарнавиштсоз оғози марҳилаи нави давлатдорӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

      Пас аз барқарор гардидани сулҳ марҳилаи нави созандагӣ оғоз ёфт. Конститутсия такмил дода шуд сохтори  идоракунии давлатӣ таҳким ёфт қонунгузорӣ рушд кард ва Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо бисёр давлатҳо ва созмонҳои байналмилали ҳамкориро густариш дод.

      Дар солҳои истиқлол рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мақоми баланд пайдо намуда, эҳтиром ба онҳо ҳамчун нишонаи ватандӯстӣ дар ҷомеа тақвият ёфт. Забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки тоҷикон бештар рушд карда,  худшиносии миллӣ таҳким ёфт.

      Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои дӯстона шинохта мешавад. Пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, ҳифзи

 пиряхҳо ва рушди устувор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта обрӯи байналмилалии  кишварро боз ҳам баланд бардоштанд.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неру ва имкониятҳоро барои таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ободонии Ватан равона намуд.

      Ҳамаи ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлол роҳи бузурги созандагиро тай намуда, барои рушди минбаъда заминаи устувор гузоштааст. Яке аз омилҳои асосии таҳкими истиқлолият ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат кишвари мо аз давраи бисёр ҳассоси таърихӣ гузашта, ба роҳи сулҳу субот ва созандагӣ ворид гардид.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинг

 ва дурнамои бозори меҳнат

Сайёди Салимҷон

Шарикони мо