Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
СЕМИНАР-МАШВАРАТ ТАҲТИ УНВОНИ “САВДОИ ОДАМОН – ҒУЛОМӢ ДАР АСРИ XXI”

Санаи 30-юми сентябри соли 2025 дар дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дар амал татбиқи иҷрои амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ “Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025-2030 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа намуданд, бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми июли соли 2025, таҳти №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат бар зидди савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он, вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон (савдои одамон), бо иштироки намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Маркази муқовимат бар зидди савдои одамон, Раёсати мубориза бар зиддии ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бухоризода Беҳрузи Рустам семинар-машварат таҳти унвони “Савдои одамон – ғуломӣ дар асри XXI” доир гардид. Дар чорабинӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорон, сармуҳосибон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муродзода Умед ифтитоҳ намуда, қайд гардид, ки баргузории чорабинии имрӯза бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқӣ ва иттилоотонии кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва зерсохторҳои он, вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон (савдои одамон) равона гардидааст.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар асоси қарори болозикр ва Фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8-уми августи соли 2025, таҳти №84РМ, фармоиш ва нақшаи чорабиниҳои соҳавиро вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат бар зидди савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» аз санаи 19-уми августи соли 2025, таҳти №21 таҳия ва тасдиқ намуданд, ки иҷроиши он таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Дар робита ба гуфтаҳои боло бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур, семинар-машваратҳо ва дигар чорабиниҳо бо иштироки корхонаҳо, муассисаву ташкилотҳо ва ҳамзамон кормандони соҳа бо ҷалби мутахассисони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар мавзӯъҳои “Пешгирии хариду фурӯши одамон”, “Огоҳонии ҷавонон аз хатарҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд”, ва “Ҷиҳати пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва ҳодисаҳои номатлуб” баҳри баланд бардоштани донишҳои омӯзгорони муассисаҳои таълимии касбии системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ инчунин, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ байни ҷавонону наврасон, шаҳрвандони корҷӯй, шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, шаҳрвандоне, ки аз маҳбас озод шудаанд ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодаанд, ки оқибатҳои ин ҳодисаҳо ба онҳо таъкид карда мешаванд ва тибқи нақша кор дар ин самт идома дорад.

Дар рафти чорабинии мазкур намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бухоризода Беҳрузи Рустам оид ба муаррифии нуқтаҳои асосӣ, мазмун ва муҳтавои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 24-уми июли соли 2025, таҳти №403 “Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027” ва амалисозии он, инчунин механизмҳои паҳншавӣ, ошкор ва вобаста ба пешгирии ҷиноятҳои вазнин ва таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ – Муродзода Умед қайд намуданд, ки дар чунин шароит вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Шарикони мо