Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ШУҒЛ»

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ШУҒЛ»

Имрӯз, санаи 4 декабри соли 2025 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғл»-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷлиси умумӣ бо иштироки Ҳабибзода Зоҳир Иззат — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Саидзода Шаҳбоз Майдон — директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, бо пешниҳоду ҷонибдории аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғл» интихоб гардид. Дар идомаи маҷлис ҳисоботи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2025 аз ҷониби Мардонзода Гулбаҳор — муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ пешниҳод шуд.

Сипас раиси нави ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шуғл» муҳтарам Саидзода Шаҳбоз Майдон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ин масъулият барои ӯ на танҳо вазифа, балки сарбаландиву ифтихори бузург аст, зеро узвияти ҳизб — рамзи садоқату ҳувияти сиёсӣ ва ҳамзамон саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату миллат мебошад.

Дар идома Ҳабибзода Зоҳир Иззат — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҷиҳати таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сухан гуфта, зикр намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 31 сол аст, ки дар фазои сиёсии кишвар фаъолият дорад ва ҳадафи асосии он — рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Маҳз фаъолияти пурсамар миёни халқ ва такя ба нерӯи қавии ҷомеа ҲХДТ-ро ба ҳизби пешсафу фаъол табдил дода, ин ҳамбастагиву иттиҳод пояҳои ваҳдати миллиро устувор месозад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо сарҷамъиву якдилӣ ва ҳамрайъӣ баҳри амалисозии ҳадафҳои бунёдкорона ва созандаи ҳизб камари ҳиммат бандем.

Шарикони мо