Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БОЗДИДИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ АЗ РАЁСАТУ ШУЪБАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БОЗДИДИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ АЗ РАЁСАТУ ШУЪБАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 20 ноябри соли ҷорӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолият ва шароити корӣ аз раёсату шуъбаҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дидан намуданд.

Зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони сохторҳо дастур дода шуд, ки хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолиро ба шаҳрвандон беҳтар намоянд, ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани сокинони пойтахт, хусусан занону бонувон ва ҷавонон ҳамкориро бо ташкилоту корхонаҳо тақвият бахшанд ва дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Душанбе мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намоянд.

Шарикони мо