«РОҒУН» — СОХТМОНИ САРНАВИШТСОЗ, МАЙДОНИ НАНГУ НОМУС ВА ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ!
Бо мақсади пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум, Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО «Роғун» дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ сокинони шаҳру ноҳияҳои кишварро ба ҷойҳои кории холӣ даъват менамояд.
Аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии НБО «Роғун» ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, корҷӯён баъди ба кор қабул шудан бо маоши хуб ва шароити арзандаи корӣ таъмин карда мешаванд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО «Роғун» мутахассисонро асосан аз рӯи ихтисосҳои зерин ба кор даъват менамояд: коргари оддӣ, муҳандис, кафшергари барқӣ, муҳандис-механик, челонгар, кафшергари газию барқӣ, васлгар, ёрдамчии мошинкори мошини пармакунӣ, кафшергари барқии дараҷаи 6, усто-муҳандиси сохтмончӣ ва дигар ихтисосҳо.
Кормандон дар иншооти сохташаванда бо низоми 15 рӯзи корӣ ва 15 рӯзи истироҳатӣ фаъолият хоҳанд кард.
Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед бо рақамҳои телефони дар экран нишон додашудаи кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО «Роғун» дар тамос шавед.
Телефон: 250-32-59; 989-99-00-35