Чорабиниро муовини якуми директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Иброҳимзода Саидакбар ва муовини директор Муродзода Умед бо суханҳои ифтитоҳӣ оғоз бахшида, тамоми кормандонро ба ифтихори ин санаи муқаддас — Рӯзи Истиқлолият табрик намуданд.
Муовини якуми директор Иброҳимзода Саидакбар дар суханронии худ таъкид намуд:
«Истиқлолият — неъмати бебаҳоест, ки ба шарофати он мо тавонистем сиёсати иҷтимоии самаранок, махсусан дар самти баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, касбомӯзии ҷавонон ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро роҳандозӣ намоем».
Муовини директор Муродозода Умед ба муҳимтарин дастовардҳои Агентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин гуфт:
«Қавӣ гардонидани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохтории соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таъсиси муассисаҳои касбомӯзӣ дар саросари кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар бозори меҳнат, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон — аз ҷумлаи самтҳои муҳими фаъолияти Агентӣ ба ҳисоб мераванд».
Пас аз суханронии роҳбарияти Агентӣ, яке аз кормандони собиқадор — Баротзода Файзулло суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Истиқлолият барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст маънои эҳтиром ба давлат, эҳёи фарҳанги миллӣ ва эҳсоси масъулиятро дорад.
Дар интиҳои чорабинӣ, бо фармоиши роҳбарияти Агентӣ, як қатор кормандони фаъол, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти шуғл саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.