Таҳти ҳамин унвон ба муносибати 31-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Сипас, директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ҳамаи кормандонро ба ифтихори ҷашни 31-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид карданд, ки ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо эҳсоси масъулият ва садоқат ба қонун амал намояд. Ӯ иброз дошт, ки Конститутсия ҳуҷҷати пойдорест, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як омили ягонагӣ, ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Инчунин сардори раёсати ҳифзи меҳнати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Мардонзода Гулбаҳор Мардон дар мавзуи «Таҷассуми озодӣ ва таҷрибаи таърихии башарият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки Конститутсия барои ҳар давлату миллат оинномаи зиндагӣ, рамзи адолат ва санади муқаддаси давлатдорӣ аст. Он тавозуни байни ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти шаҳрвандонро муайян намуда, пешрафти ҷомеаро дар асоси озодӣ ва қонуният таъмин месозад.
Баргузории чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, ки арзишҳои волои Конститутсия ба зеҳни кормандон ва ҷомеа бештар нуфуз кунад, ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ таҳким ёбад ва принсипҳои адолат, баробарӣ ва қонуният дар ҷомеа устувор гардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин рамзи пойдории давлат, кафолати ҳаёти осоишта ва нишонаи ваҳдату ифтихори миллии мост.