ОБОДИИ ВАТАН АЗ ҲАР ЯК ҚАДАМИ МО ОҒОЗ МЕЁБАД
Кормандони дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ташаббуси масъулин ва бо мақсади беҳтар кардани шароити муҳити кории атрофи бино ва шинонидани гулу растаниҳои ороишӣ дар саҳни ҳавлии Агентӣ, шанбегии дастаҷамъона, ки ҷиҳати таҳкими ҳиси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастаги ба ҳисоб меравад баргузор карданд.