ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ИТТИҲОДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд, ки ба он ранги ватанпарастӣ ва эҳтироми хос бахшид.
Дар идомаи чорабинӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон бо сухани табрикотӣ баромад намуда, нахуст аҳамияти таърихиву сиёсии Парчамро барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон шарҳ доданд. Дар суханронӣ, аз ҷумла таъкид гардид, ки Парчам рамзи давлатдорӣ ва поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин ру, вазифаи хизматчиёни давлатӣ ва ҳар фарди худогоҳи ҷомеа — эҳтиром ба рамзҳои миллӣ, содиқ мондан ба манфиатҳои давлат ва хизмат ба халқ мебошад. Парчам моро ба меҳнатдӯстӣ, поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии миллӣ даъват мекунад.
Дар идомаи чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён суханронӣ намуда, аз таърихи Парчам ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар шуданд.
Парчами миллӣ ҳамчун рамзи пойдории давлатдории тоҷикон имрӯз ҳам ҷомеаро ба сӯи сулҳ, субот, меҳнати созанда ва пешрафти устувор раҳнамоӣ мекунад. Барафрохтани он дар фазои кишвар барафрохтани шарафу номуси миллати тоҷик аст.