ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳамкорони азиз!
Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик намуда, ба ҳар як хонадон саломатӣ, осоиш, баракат ва муваффақиятҳои нав орзу менамоям.
Соли сипаришуда Тоҷикистони азизи мо таҳти сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ ба комёбиҳои бузург ноил шуда, пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардид.
Соли 2026 барои халқи Тоҷикистон соли таърихӣ ба шумор меравад, зеро дар соли нав мардуми шарифи кишвар 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин санаи сарнавиштсоз моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди масъулият, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан барои рушди устувори кишвар саҳми бештар гузорем.
Дар ин замина кормандони Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, дар соли 2026 ҷиҳати ҷалби бештари шаҳрвандон ба шуғли пурмаҳсул, рушди касбомӯзӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии қувваи корӣ саъю талоши бештар менамоянд.
Бори дигар Соли нави 2026-ро ба ҳамаи Шумо муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, файзу баракат ва комёбиҳои рӯзафзун таманно дорам.
Бо эҳтиром,
директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ
Саидзода Шаҳбоз Майдон