Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
Эҳтироми Парчам -эҳтироми миллат аст

Эҳтироми Парчам -эҳтироми миллат аст

   Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти милли буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдустӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар мукаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ  мебошад. Парчам дар забони адабии хозираи тоҷик хамчун истилоҳ ба маънои ливо баӣрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст.Парчамдориву парчамбардорӣ ба халки мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле кадимӣ дорад.

Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо миллату давлат, иникосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.Парчам бо мурури замон ва гузашти айём хамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавкеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст.

Имруз дар саросари Тоҷикистон рузи Парчами миллӣ таҷлил мешавад.Дар робита бо ин, роҳандозии бархе чорабиниҳо дар назар аст.Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маконҳои истифодаи парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташакулли худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлаторӣ мусоидат менамояд.Шаҳри Роғун ҳам тасмим гирифт ки Рузи Парчами миллиро дар маҷмъаи фарҳангию таърихии «Қасри Фарханг» маросими ботантана ва консерти идона бо иштироки ҳунарпешагони маъруфи шаҳр баргузор гардид. Иштирокдорон аз чор гушаи шаҳр бо шиору овезаҳо омада иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии давлатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шуда буд. Хулоса, дар ҳама давру замонҳо Парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт.

 

 Омода намуд: Ақназарова .М.С

мутахассиси пешбари AM ва ША

 дар ш.Роғун

Шарикони мо