РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР МД «ХОНАИ КӮДАКОНИ №1 БАРОИ КӮДАКОНИ ЯТИМУ БЕПАРАСТОР»-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ
https://ehukumat.tj/.../mehnat.../press/news/details/6669...
Бахшида ба 1 июн — Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МД «Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастор»-и шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону мураббиён ва тарбиятгирандагони муассиса иштирок намуданд.
Дар чорабинии идона Солеҳа Холмаҳмадзода — Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Одилзода Дилбар — муовини Раиси шаҳри Душанбе тарбиятгирандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи ҳифзи кӯдакон самимона табрик гуфта, қайд намуданд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагӣ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таҳти роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Иброз гардид, ки сиёсати инсонпарварона ва иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ғамхорӣ ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас, бахусус кӯдакони ятиму бепарастор равона гардида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ, тарбия, таҳсил, хизматрасонии тиббӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва фароғатӣ муҳайё карда мешавад.
Ин дастгириву ғамхорӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, маҳз бо ташаббус ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлат дар кишвар даҳҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ барои дастгирии кӯдакони ниёзманд ва ятиму бепарастор фаъолият менамоянд.
Дар ин замина, ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд барои таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳмгузор бошанд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тарбиятгирандагони муассиса бо қироати шеърҳо ва гулдухтарони МД “Ансабли ҷумҳуриявии Лаъл” бо иҷрои рақсҳои ҷолиб ва сурудҳои ватандӯстона табъи меҳмононро болида гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакони муассиса туҳфаҳои идона, шириниҳо ва кумакҳои моддӣ тақдим гардида, меҳмонон бо шароити зист, таълим ва тарбияи кӯдакон аз наздик шинос шуданд. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ, эҳсоси меҳру муҳаббат ва шодиву нишоти кӯдакон анҷом пазируфт.