Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
ТАЪИНОТ ДАР АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ

Санаи 3-юми ноябри соли 2025 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Шаҳбоз Майдон директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Директори нав, ки дорои таҷрибаи чандинсолаи кор дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва рушди кадрҳо мебошад, ба ҷойи роҳбари қаблӣ ба ин мансаб таъин гардида, вазифадор гардид, ки фаъолияти Агентиро дар руҳияи навсозӣ ва ислоҳоти сохторӣ идома диҳад.

Роҳбари нав ҳангоми ба мансаб шурӯъ кардан изҳор дошт, ки фаъолияти худро дар асоси шаффофият, масъулият, самаранокӣ ва ҳамкории байниидоравӣ ба роҳ хоҳад монд. Ӯ таъкид намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кори Агентӣ рақамӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи меҳнат мебошад, то шаҳрвандон тавонанд бе мушкилӣ ва дар муҳлатҳои кӯтоҳ аз тамоми имкониятҳои расмӣ истифода баранд.

Ҳамзамон, ӯ зарурати таҳияи барномаҳои нав барои дастгирии ҷавонон, занон ва аҳолии осебпазирро таъкид намуда, гуфтанд, ки ташкили курсҳои омӯзишӣ ва марказҳои касбомӯзӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ аз самтҳои асосии фаъолияти оянда хоҳад буд.

Аз ҷониби дигар, роҳбари нав ба масъулини воҳидҳои сохторӣ супориш доданд, ки бо мақсади паст намудани сатҳи бекорӣ, эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ барномаҳои мушаххаси амалӣ таҳия ва иҷро намоянд.

Шарикони мо