Асосӣ / Ҳамаи хабарҳо
БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР ВА ШАҲРИНАВ

БОЗДИД АЗ МАҚОМОТИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТУРСУНЗОДА, ҲИСОР ВА ШАҲРИНАВ

Санаи 18-уми ноябри соли 2025 директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти сохторҳо дар минтақаҳо, тақвият бахшидани самтҳои кории мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва татбиқи босамари Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав дидан намуд.

Зимни мулоқот роҳбарияти Агентӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои мақомоти шуғли аҳолӣ, ҷалби бештари шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ, баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ва дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарикони мо