ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ОИД БА НАТИҶФҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026
13 апрели соли 2026 ҷаласаи Шӯрои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Дар кори ҷаласа директори Агентӣ, муовини якум ва муовини директори Агентӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои таълимии системаиАгентӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори Агентӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти таҳлили натиҷаҳо, муайян намудани вазифаҳои навбатӣ ва тақвияти фаъолият дар самтҳои афзалиятноки соҳа ёдовар шуданд. Сипас вобаста ба масъалаи рӯзнома маърузаи ҳисоботии муовини директори Агентӣ Муродзода Умед шунида шуд.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли 2026 барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда тадбирҳои мушаххас амалӣ намуд.
Дар ҷараёни баррасии масъала, ҳамчунин ба аҳамияти густариши равандҳои рақамикунонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои такмили шаклу усулҳои фаъолият, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии кор дар ҳамаи бахшҳо заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми ҷаласа директори Агентӣ Саидзода Шаҳбоз Майдон оид ба натиҷаҳои фаъолият, масъалаҳои мубрами соҳа ва вазифаҳои минбаъда ибрози назар намуда, ба масъулин ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолият, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, беҳтар намудани фаъолияти сохторҳо, истифодаи васеи имкониятҳои рақамӣ ва таъмини иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Аз рӯйи натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои Агентӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон вазифаҳои муайян пеш гузошта шуданд.